, Ҷумъа, 17-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 15-уми октябри соли 2025 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Сараввал, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳоро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди маҳорати тадқиқотӣ ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён таъкид карданд.

Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯи курси сеюм Исматов Муҳаммад бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар равандаи омӯзиши забони англисӣ ба донишҷӯён» баромад намуда, андешаҳои худро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод. Маърӯза бо таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиён пазируфта шуда, муҳокимаи васеъро ба миён овард.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон саволу ҷавоб ва мубодилаи назар сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш пешниҳод гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!