, Ҷумъа, 17-октябр

СЕССИЯИ САЙЁРИ ИЛМИИ БИОЛОГҲО ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


СЕССИЯИ САЙЁРИ ИЛМИИ БИОЛОГҲО ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои донишҷӯён, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва табодули таҷрибаи омӯзгорону муҳаққиқон пайваста чорабиниҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо таҳкими мақоми донишгоҳ ҳамчун маркази илмӣ-омӯзишӣ, мусоидат ба пешбурди ҷомеаи илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мебошад. Бо ин мақсад дар таърихи 15.10.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази илмии Хатлони АМИТ ва факултети химия ва биология Сессияи сайёри илмии шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ бо иштироки олимону коршиносони соҳа аз дохил ва хоириҷӣ мамлакат баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории сессия — таҳқиқи омилҳои экологӣ ва таъсири онҳо ба тағйирёбии иқлим, баррасии роҳҳои нигоҳдорӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии илмӣ дар соҳаи экология, инчунин тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои тадқиқотӣ ва таълимӣ мебошад.

Кори конфронс бо суханронии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон оғоз гардида, нахуст меҳмононро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои таҳкими муносибати илм бо амалия, мусоидат ба рушди устувори ҷомеа ва таҳияи тавсияҳои илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист аҳамияти бузург дорад.

Дар идома раиси шуъбаи илмҳои биология, доктори илмҳои биология, профессор Мирзораҳимзода Акобир ба сухан баромада, иброз дошт, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири омили инсон ба муҳити зист имрӯз яке аз мавзуъҳои муҳимтарини илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад. Ӯ афзуд, ки танҳо тавассути ҳамкориҳои илмӣ, тадқиқотҳои дастаҷамъона ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак метавон таъсири манфии ин равандҳоро коҳиш дод ва мувозинати экологии табиатро ҳифз намуд.

Сипас, доктори илмҳои кишоварзӣ-Назиров Ҳикматулло дар мавзуи “Истифодаи самараноки замин дар боғҳои ҷавон ва ҷорӣ намудани навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда”, муовини директори Маркази миллии гунргунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Иргашев дар мавзуи “Мамнӯъгоҳҳои хурди растанӣ-яке аз роҳҳои нигоҳдории гуногунии биологӣ”, раиси Маркази илмии Хатлони АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев дар мавзуи “Нақши Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев дар ҳифзи растаниҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта”, директори барномаҳои минтақавии ташкилоти байналмилалии ҳифзи боғҳои ботаникӣ Ҷоахим Гратсфелд бо маърӯзаҳои илмии хуб баромад намуданд.

Дар анҷом, иштирокчиён аз сатҳи баланди баргузории сессияи илмӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ, рушди таҳқиқоти муосир ва баланд бардоштани масъулияти ҷомеа дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ ва нигоҳдории растаниҳои нодиру зери хатари нобудшавӣ қарордошта мусоидат менамоянд.

Сессияи сайёри илмии шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо қабули қарорҳои мушаххас ва тавсияҳои илмӣ оид ба таҳқиқи минбаъдаи гуногунии биологӣ, ҳифзи растаниҳо ва коҳиши таъсири омилҳои экологӣ ба экосистемаҳои табиӣ ба кори худ анҷом бахшид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!