, Ҷумъа, 17-октябр

ҚАДАМИ НАВ ДАР НИЗОМИ ИДОРИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ


ҚАДАМИ НАВ ДАР НИЗОМИ ИДОРИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

(дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ “Маркази иттилотӣ-таҳлилии раванди таълим” таъсис ёфт)

Имрӯз, 15.10.2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади татбиқи босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, инчунин бо баҳрагирӣ аз сиёсати давлатии рушди технологияҳои рақамӣ ва таъкидоти пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази иттилотӣ-таҳлилии раванди таълим” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин иқдом, ки дар чаҳорчӯби Консепсияи ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” роҳандозӣ гардидааст, тадбирӣ саривақтӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир арзёбӣ мегардад.

Маркази мазкур бо роҳнамоиву дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии таъсисёбии муассиса ташкил гардида, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шароити техникӣ ва инфрасохтори марказ имкон медиҳад, ки раванди таълим дар факултетҳо ва синфхонаҳои таълимӣ пурра зери назорат қарор гирифта, тариқи дурбинҳои назоратии сабткунандаи видео ва садо пайгирӣ ва арзёбӣ гардад.

Зимни ифтитоҳи расмии марказ, ки бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, аз ҷумла ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони раёсату бахшҳо ва дигар масъулин баргузор гардид, ректори донишгоҳ таъсиси марказро қадами муассир ва заминасоз барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим номида, изҳор доштанд, ки раёсати донишгоҳ дар ин самт тамоми кӯшиш ва захираҳоро ба хотири такмилу тавсеаи механизми назорат ва арзёбии сифати таълим равона хоҳад кард.

Ҳамзамон, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад доир ба имкониятҳои техникии марказ, иқтидор ва тавонмандии таҷҳизоти насбгардида, инчунин тарзи истифодаи самараноки онҳо дар равандҳои омӯзишиву таҳлилӣ маълумоти муфассал ироа намуд. Зикр гардид, ки тавассути мониторҳои насбшуда дар марказ, имкони мушоҳида ва таҳлили раванди дарсҳо, арзёбии сатҳи омодагии омӯзгорон ва қобилияти касбии онҳо дар асоси сабтҳои видеоию садоӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъсиси чунин марказ дар шароити имрӯзаи рушди илму техника ва рақобати рӯзафзуни таълимӣ, ба сифати таҳсилот, шаффофият ва масъулияти бештар дар ҷараёни таълим мусоидат намуда, ба сатҳи идоракунии муассисаи таълимӣ низ таъсири мусбат мерасонад.

Ифтитоҳи марказ на танҳо як навоварӣ дар муҳити донишгоҳ, балки иқдоми зарурию саривақтӣ дар низоми таҳсилоти олӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Он ба таъмини назорати мунтазами дарсҳо, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва ташаккули фазои шаффофу инноватсионӣ дар раванди таълим омили муассиру мададрасон хоҳад буд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!