,
Ҷумъа, 17-октябр
Ҳакимов Худойдод, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқ Олимов, ки санаи 11 то 12-уми октябр баргузор гардид, дар вазни 92 кг сазовори ҷойи дуюм гардида, медали нуқра ба даст овард.
Раёсати Донишгоҳ Худойдодро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааш барор мехоҳад.