, Ҷумъа, 17-октябр

ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ


ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ

Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон                                                                                     

Омӯзгор чароғи равшанест, ки дар зулматҳои роҳи ҳаёт равшанӣ намуда, моро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Маҳз омӯзгор аст, ки инсонро бо донишу хирадаш аз доираи ҷаҳолат, нодонӣ ва хурофот мераҳонад. Дар ин мақола оид ба кору фаъолияти номзади  илмҳои химия, ддотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Холиқов Сафар Сайфиддинович  маълумот медиҳем.

Омӯзгор омӯзандаи илму дониш, касбу ҳунар, фарҳангу адаб мебошад. Омӯзгор шахси обрумандест, ки ба инсон илму адаб омӯхта, дар баробари волидайн ӯро ба воя мерасонад. Ҳамин аст, ки шоир ҳаққи устодро аз падар боло донистааст:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Устод Холиқов Сафар Сайфиддинович 01.10.1957 дар шаҳри Кӯлоб  вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи факултети химияи Универистети давлатии Тоҷикистон ( ДМТ, 1975-1980) буда, фаъолияти кори худро  аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, ба сифати  аспиранти ғоибонаи  Институти кимиё ба номи В.И.Никитини АМИТ(1994), ҷонишини декани факултети химия ва биолгияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ( 1996-2000) фаъолият намуда, солҳои 2001-2005 мудири  кафедраи химия ва биологияро  ба ӯҳда доштанд. Дар мавзуи “Взаимодействие гидридов щелочных металлов с хлористым алюминием и получение гидрида алюминия в одностадийном процессе” дар Институти кимиёвии ба номи Никитини АМИТ соли 2001 рисолаи номзадии худро  ҳимоя намудаанд. Устод умри бо баракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намудааст. Солҳои 2013-2021 дар ДДК ба номи А.Рӯдакӣ дар вазифаи ноиби аввали ректор, муовин оид ба таълим кору фаъолият намуда, аз соли 2021-2025 мудири кафедраи химия ва методикаи таълими онро  ба ӯҳда дошт.  Айни ҳол дотсенти кафедраи мазкур мебошад.

Барои ман боиси ифтихор ва сарфарозист, ки замони донишҷӯӣ дар назди устод ддарси донишу инсониятро омӯхта, бо роҳбарии муаллим дар олимпиадаҳо ва Ҷоми Президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидам. Инчунин соли 2017 низ дар олимпиадаи Муассисаҳои оли касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни химия иштирок намуда соҳиби ҷойи 3-юм гаридам. Ин ҳама самараи талошҳои пайваста ва роҳнамоии хирадмандонаву оқилона ва дастгириҳои пайвастаи ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарӣ ва дастгириҳои устод дар бисёр конфренсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ иштирок намудем.

Ҳангоми таҳсил намудан дар зиннаи магистратураи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси химия устод роҳбари илмиам буданд. Соли 2019 бо дастгириҳо ва тавсияҳои устод зиннаи магистратураро хатм намудам. Соли 2020 дотсент Холиқов Сафар Сайфиддинович бо ҳамрҳии собиқ декани факултети химия биология ва биология номзади илмҳои кишоварзӣ Исупов Дилшод мо як гурӯҳ муаллимони ҷавон Бобоев К.О. ва Акрамзода Р.Ҷ. бо худ   гиирифта, барои пайдо намудани роҳбари илмӣ роҳ ба суи Душанбе пеш гирифтем. Моҳи июни соли 2020 мо муаллимони ҷавон роҳбарии илмии худро пайдо намуда ва худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро ба зиннаи докторантураи  (PhD) Иститути кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи милли илмҳои Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ супорида таҳти роҳбарии Устод Мирсаидов У.М ба кори илми- таҳқиқотӣ машғул шудем.

Бо таъкидҳои устод Холиқов С.С. - “Ҷавонон бояд ҷавониро ҳадафмандона сипарӣ намоянд. Зеро кулли муваффақияти инсон маҳз аз ҳамин айём сарчашма мегирад. Ҷавонон бояд касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанду мутахассис гарданд. Ояндаи кишвар дар дасти онҳост. Имрӯз барои он ки як ҷавон хонаду мутахассис гардад, кулли имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ватани худро дӯст доранду ба қадри ин ҳама ободонию пешрафт бирасанд, хубтару беҳтар омӯзанду мутахассис гарданд ва дар рушду пешрафти Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор бошанд” мо низ амал намуда, онро сармашқи фаъолият қарор додаем. Муаллим Холиқов С. омӯзгори асил ва зиёии хирадафрӯзанд. Мо шод ва мамнун аз онем, ки аз мактаби устод гузашта, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои созандаашон идомадиҳандаи пешаи пурифтихори омӯзгорӣ гардидем. Ддар ин роҳи пуршараф аз устод миннатддор буда, ба онҳо саломативу умри бардавом таманно менамоям. 

Бобоев Комрон,  доктор фалсафа (PhD), мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!