,
Чоршанбе, 15-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор намудани дарсҳои кушоду намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва устодони донишгоҳ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, имрӯз (14 октябри соли 2025) дар факултети география ва иқтисодиёти рақамии донишгоҳ, бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, дарси кушод дар мавзуи «Муҳити инноватсионӣ дар низоми рушди соҳибкорӣ» доир гардид.
Дарсро номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Расулзода Лутфия дар гурӯҳи таълимии 401-и ихтисоси “иқтисод ва идора дар корхона” баргузор намуд. Дар ҷараёни дарс ҳайати омӯзгорони кафедра, аз ҷумла устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.
Расулзода Лутфия дар оғози машғулият ба ҳадаф ва вазифаҳои асосии дарс ишора намуда, моҳияти мавзуъро бо мисолҳои равшан ва таҳлили илмӣ шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки муҳити инноватсионӣ ҳамчун унсури муҳими рушди иқтисод ва соҳибкорӣ имконият медиҳад, ки фаъолиятҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо усулҳои муосир ва технологияҳои нав роҳандозӣ шаванд.
Омӯзгор зимни шарҳи мавзуъ ба масъалаҳои ташаккули муҳити мусоиди инноватсионӣ, нақши соҳибкорони навовар дар рушди иқтисод, дастгирии давлатии соҳаи соҳибкорӣ ва зарурати истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар қисми ҷамъбастии дарс миёни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон мубодилаи афкор ва баҳсҳои судманд баргузор гардид. Донишҷӯён бо пешниҳоди андешаву назарҳои хеш доир ба имкониятҳои инноватсионӣ дар рушди соҳибкорӣ изҳори назар намуда, ба устод саволҳои ҷолибу мушаххас пешниҳод карданд.
Мубоҳисаҳои илмӣ ва гуфтугӯҳои озод ба фаҳмиши амиқи мавзуъ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва боло рафтани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиш мусоидат намуданд.
Бо чунин иқдомҳои созанда, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ саҳми арзандаи худро дар баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими тафаккури илмӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибмаҳорати соҳаҳои гуногун мегузоранд.