,
Чоршанбе, 15-октябр
Имрӯз, 14.10. 2025, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати молиявӣ”, ки дар назди кафедраи молия ва қарз фаъолият мекунад, баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбари маҳфил, ҳайати омӯзгорони кафедра ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.
Маҳфилро роҳбари он Муҳаммадҷони Азизуло оғоз намуда, дар бораи нақш ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар шароити муосир суханронӣ кард.
Баъдан, Ҳамзаи Саймаҳмуд, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси андоз ва андозбандӣ, зери роҳбарии муаллими калони кафедраи молия ва қарз Холматов Баҳром, бо маърӯза дар мавзуи “Татбиқи амалии имтиёзҳои андозӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар” баромад намуд. Маърӯза бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои муфид ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодонро ҷалб кард.
Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ сурат гирифт.