,
Чоршанбе, 15-октябр
Дар таърихи рӯзи 14.10.2025 дар толори маркази рушди касбият ва инаватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Дунёи сиёсат”-и назди кафедраи сиёсатшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра, дотсент Муродова Гулчеҳра, номзади илмҳои сиёсӣ Яъқубзода Фируз, мутахассиси марказ Фирӯз Ғаниев, роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҳфил шинос намуд.
Сипас, Шерматова Гулҷаҳон - донишҷӯи курси 4- уми ихтисоси фаукултетар мавзуи “СММ: таъсисёбӣ ва сохтори маъмурии он” ва Наҷбиддинзода Базаҷамхир - донишҷӯи курси 3-уми факултет дар мавзуи “Нақши асарҳои сиёсии Пешвои миллат дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонон” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.