,
Чоршанбе, 15-октябр
Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми “Нерӯ” ва ҳамзамон чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши вазнин (мардон ва бонувон) баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои шоиста ба даст оварданд.
Аз ҷумла, Зарифов Неъматулло, донишҷӯи курси дуюми факултети молиявию иқтисодӣ, дар вазни 67 кг дар ҳар ду мусобиқа ширкат варзида, сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардид;
Сангаков Худобахш, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар вазни 55 кг дар ҳар ду мусобиқаи мазкур ҷойҳои дуюм ва якумро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид.
Раёсати Донишгоҳ аз чунин муваффақияти донишҷӯёни фаъол ифтихор дошта, онҳоро барои ин ғалабаҳои шоиста самимона табрик гуфта, дар таҳсил, фаъолияти варзишӣ ва зиндагии минбаъда барору комёбиҳои нав орзу менамояд.