, Сешанбе, 14-октябр

ОМӮЗГОРИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ АЗ ИМА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ ОҒОЗ НАМУД


ОМӮЗГОРИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ АЗ ИМА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ ОҒОЗ НАМУД

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва густариши забономӯзии донишҷӯён, санаи 26 сентябри соли 2025 омӯзгори забони англисӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- хонум Кеди Дункан ҷиҳати фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳозир шуданд.

Ин иқдом бо баҳрагирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи шартномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи забондониву забономӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён мебошад.

Хонум Кеди Дункан тӯли чанд ҳафта дар ҷараёни дарсҳо ҳамчун мушоҳидагар иштирок намуда, бо низоми таълими фаннӣ ва методикаи истифодаи он дар донишгоҳ шинос гардид. Ӯ айни ҳол дар курсҳои дуюми ихтисоси забони англисӣ ба дарсдиҳӣ шуруъ намуд.

Тавре иттилоъ дода будем, дар маросими пазироӣ ва муаррифии омӯзгори нав, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, доир ба имкониятҳои таълимӣ, зерсохторҳо ва иқтидори илмии донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҷалби мутахассисони хориҷиро як бахши муҳими стратегии рушди муассиса арзёбӣ намуда буданд.

Ҷалби омӯзгори хориҷӣ ба системаи таълимии донишгоҳ як навоварии муҳимми педагогӣ ба ҳисоб рафта, дар равандҳои таълим нақши муассир мебозад. Ин иқдом ба истиқболи ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамчун дастоварди назаррас ва намунаи амалии татбиқи сиёсати таълими босифат ва байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Роҳбарияти донишгоҳ изҳори умедворӣ менамояд, ки фаъолияти хонум Кеди Дункан на танҳо дар самти таҳкими забондонӣ, балки дар ташаккули муносибатҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ низ мусоидат хоҳад кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!