,
Сешанбе, 14-октябр
Имрӯз (13.10.2025) дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили "Барги сабз"-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими они факултети химия ва биология бо иштироки мудири кафедра, дотсент Бобозода Бахтиёр, ассистенти кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил Талабова Шабнам ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил Талабова Шабнам суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуд.
Сипас, донишҷӯёни курси сеюми факултет Рамзи Ҷаббор дар мавзуи “Пайдоиш ва таснифоти бактерияҳо”, Аҳмадзода Мафтуна дар мавзуи “Таъсири фоҷиабори газҳои гулхонагӣ ва вазъи экологии атмосфера”, Ализода Сомон дар мавзуи “Ташкили истеҳсолоти бепартов дар соҳаҳои гуногуни саноати химия” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.