,
Ҷумъа, 22-ноябр
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи истиқлоли давлатӣ мебошад, 30 сол пур мешавад. Ин рақам агарчи дар назди таърих ҳеҷ аст, аммо барои мардуми сарбаланди тоҷик, бахусус афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бағоят арзишманд мебошад. Зеро ибтидои ин солҳо аз муқовимату муборизаҳо шурӯъ шуда, баъдан бо талошу ҷоннисориҳои родмардони Ватан ба солҳои музаффарияту муваффақиятҳо табдил гашт.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Ҳамзамон, дар муҳити тантанавӣ Парчами миллӣ ба толор ворид карда шуд.
Сипас профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуданд ва ҳамзамон қайд карданд: “Артиши миллӣ-сипари мамлакат, кафили воқеии амният ва зиндагии орому осоиштаи мардум маҳсуб мешавад. Мутаассифона, бунёди ин рукни муҳими давлатдорӣ барои Тоҷикистони тозаистиқлол кори саҳлу осон набуд. Он дар марҳилаи ниҳоят душвор ва ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуд, ки бақои давлату миллат зери хатари ҷиддӣ қарор дошт. Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон як узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб мерафт, ин сарзамини биҳиштосо аз тарафи чанд гурӯҳи сияҳкору манфиатҷӯ ба кому гирдоби оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ба қатори амнтарин кишварҳои олам шомил гардидааст. Ин дастоварди бузургу беназир, бешак самараи хизмати софдилона ва садоқату шуҷоати сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад”.
Баъд аз анҷоми қисмати тантанавӣ, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Нурулло Холов барномаи фарҳангӣ-фароғатиро баҳри болидарӯҳии ҳозирин пешниҳод намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар ҳайати Артиши миллӣ навъҳои асосии қувваҳои мусаллаҳ: қушунҳои хушкигард, зудамал, сарҳадӣ, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ амал мекунад, ки дар пойдории сулҳу суботи Тоҷикистон ва минтақа нақши бориз доранд.