,
Шанбе, 11-октябр
Субҳи рӯзи шанбеи 11-уми октябри соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо ширкати фаъолонаи ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ин иқдом бо ҳадафи тарғиби ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба фаъолиятҳои варзишӣ роҳандозӣ шуда, ҳамчун як василаи муассир барои оғози нерӯбахши рӯз дар назар дошта мешавад. Дар ҷараёни машқ, иштирокчиён бо роҳнамоии мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ба иҷрои тамринҳои гуногун машғул шуданд, ки дар бедор намудани нерӯи ҷисмонӣ ва боло бурдани рӯҳия нақши муҳим доранд.
Ҳузури роҳбарияти донишгоҳ аз таваҷҷуҳи ҷиддии онҳо нисбат ба масоили марбут ба варзишу солимии ҷисмонии донишҷӯён шаҳодат медиҳад. Ин чорабинӣ ҳамчун як бахши амалӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ташвиқи варзиш ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти иҷтимоӣ миёни ҷавонон сурат гирифта, дар айни замон бахше аз омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии донишгоҳ низ маҳсуб меёбад.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ тадриҷан ба як анъанаи хуб ва ҷузъи муҳими рӯзгори донишҷӯён табдил ёфтааст. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо ба солимии иштирокчиён мусоидат мекунанд, балки фазои ҳамдилии байни омӯзгорону донишҷӯёнро низ тақвият мебахшанд.
Бар асоси барнома, баргузории чунин машқҳо минбаъд ҳар ҳафта идома хоҳад ёфт.