, Шанбе, 11-октябр

КЛУБИ ГӮШТИНГИРИИ КӮЛОБ-ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ


КЛУБИ ГӮШТИНГИРИИ КӮЛОБ-ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди намудҳои варзиши миллӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, инчунин бо дастгирӣ ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб маросими тантанавии қадршиносии варзишгарони клуби гӯштингирии минтақаи Кӯлоб дар ҳошияи мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон бо варзишгарон дар толори маҷлиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз гӯшаҳои навтаъсиси бинои маъмурии муассиса, ки ба истиқболи ҷашни 80-солагии донишгоҳ оро ёфта буданд ва ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои гӯштингирони минтақа дар соли 2025 боздид намуданд.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Дилшод Мадализода, ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ, инчунин намояндагони клубҳои варзишии минтақа ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оғоз гардид. Зимни суханронӣ таъкид намуд, ки рушди намудҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла гӯштини миллӣ, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатии варзиш маҳсуб меёбад.

Анзурат Абдусаломзода ҳамзамон аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таваҷҷуҳи вижаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонону варзишгарон ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат гӯштини миллӣ мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ ректори Донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки донишгоҳ бо пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ мешуморад. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳкими тарбияи ҷисмонӣ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, пайваста талош меварзанд. Ҳамаи варзишгарон-донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ҷойҳои намоён ва ифтихориро соҳиб мегарданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ ва дастгирӣ мешаванд, ки ин худ далели таваҷҷуҳи ҷиддии донишгоҳ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли варзишгар мебошад.

Бояд зикр кард, ки клуби гӯштингирии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштин байни клубҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, миёни 14 даста мақоми аввалро касб намуда, соҳиби Ҷом, медал ва Шоҳҷоиза бо маблағи 80 ҳазор сомонӣ гардид.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ба ғолибон аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати ҳавасмандсозии варзишгарон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин риштаи варзиш сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!