,
Якшанбе, 22-декабр
Рӯзи 23-юми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи 30 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.
Мутобиқи моддаи 43-и Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Ҳамчунин, бо дар назардошти мушкилоти мазкур ва вазъи печидаву зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм, раёсати донишгоҳ ҷиҳати мустаҳкам намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва такмили малакаи истифодаи яроқу аслиҳаи оташфишон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Бинобар ин, бо мақсади истиқболи сазовори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайваста ва кушишҳои босамари раёсати донишгоҳ ва дастгирии моддии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ синфхонаҳои оташфишонӣ, тактикӣ, утоқи муҷаҳҳаз бо яроқу аслиҳаи таълимии оташфишонии бо дастгоҳи марказонидашудаи хабаррасони электронӣ (сигнализатсия) пайвастгардида ва маҷлисгоҳи замонавӣ барои гузаронидани машғулиятҳои назариявию дарсҳои идеологӣ – сиёсӣ бо 40 ҷои нишаст ташкил ва таъсис дода шуд, ки имрӯз дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки васеи роҳбарияти донишгоҳ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба истифода дода шуд.
Ба ин муносибат дар факултет конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат» бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, устодону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, тадбирҳои навбатиро дар самти мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникии факултет қадами нахустин шуморида, таъкид намуданд, ки давра ба давра ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникии факултет тадбирҳои зарӯрӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Сипас мутобиқи барномаи конфронс Азимов Раҷабалӣ, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи «Аз таърихи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Зулфиев Гадомад, декани факултет дар мавзуи «Артиш – сипари боэътимоди давлат» ва Эмомов Шоҳрух, донишҷӯи бахши 4 - уми ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи «Артиши мо - қудрату нерӯи мо» баромад намуданд.
Қобили қайд аст, ки бо муҳайё гардидани шароити мазкур акнун донишҷӯёни факултети тарбияи ҷсмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ имконият пайдо намудаанд, ки ҳангоми машғулиятҳои амалӣ бо силоҳҳои оташфишони таълимӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуда, истифодаи дурусту мақсадноки онро аз худ намоянд ва ҳамин тавр паз аз хатми донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нозукиҳои фанни омодагии дифои ҳарбиро ба насли наврас таълим дода, бад ин васила шавқу ҳаваси насли ҷавонро ба ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат бедор намоянд.
Ҳамзамон дар ниҳоди донишҷӯён ҷасорату матонат ва далериву шуҷоатро афзун намуда, барои дар оянда ба камол расидани фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвар тарбия ёфтани эшон мусоидат менамояд. Зеро, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир аз ҳар яки мо шаҳрвандонии ҷумҳурӣ, бахусус, ҷавонписарон тақозо менамояд, ки малака ва маҳорати истифодаи силлоҳҳои оташфишонро дошта бошем.
Маврид ба ёдоварист, ки факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ наздики 10 сол мешавад, ки фаъолият менамояд ва то имрӯз аз набудани яроқу аслиҳаи оташфишони таълимӣ танқисӣ мекашид, ки ин албатта барои дар сатҳи зарурӣ ва касбӣ омода намудани омӯзгорони ояндаи фанни омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ камбудии ҷиддӣ ба шумор мерафт, ҳол он ки на ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат чунин факултетҳоро доро мебошанд.