,
Ҷумъа, 10-октябр
9-уми октябр дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “English is an international language”-и назди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил Моҳшарифи Ёқубӣ доир ба рафти маҳфил ва пешбурди он баромад намуданд.
Сипас, донишҷӯёни курси сеюми факултет Подавонова Руфия дар мавзуи “Foreigh language in our life” ва Лақаева Иноятхон дар мавзуи “English is an international language” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Қайд гардид, ки Омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои муҳим андешида шуда истодааст.
Дар идома омӯзгор аз Штатҳои Муттаҳидаи Амрико хонум Кеди Дункан, ки тариқи шартнома айни замон дар Донишгоҳ кор карда истодааст, баромад намуда, дар бораи омӯзиши забони англисӣ ҳамчун соҳибзабон андешаҳои ҷолиб баён карда, ба донишҷӯён ҷиҳати беҳтар азхуд кардани забон, васеъ кардани захираи луғавӣ, баланд бардоштани малакаи шунавоӣ ва суханронӣ, инчунин истифодаи васеи манбаъҳои аслӣ, аз ҷумла китобҳо, филмҳо ва барномаҳои англисӣ, тавсияҳои муфид дод.