, Ҷумъа, 10-октябр

ҒОИБ САФАРЗОДА ВА МАҚОМИ Ӯ ДАР НАЗМИ СОЛҲОИ 60-70-УМИ АСРИ ХХ


ҒОИБ САФАРЗОДА ВА МАҚОМИ Ӯ ДАР НАЗМИ СОЛҲОИ 60-70-УМИ АСРИ ХХ

Бо чунин ном имрӯз, 9-уми октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистика ҷиҳати гиромидошти хотираи шоир, нависанда, публитсист- Ғоиб Сафарзода, конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар конфронс муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедра, дотсент Шамшоди Ҷамшед, ҳайати профессорон, дотсентон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки ҳар як шахсияти адабӣ бо кору пайкор, андешаҳои ноб ва осори ҷовидонаи худ дар саҳифаҳои таърих нақш мегузорад. Ғоиб Сафарзода яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосири тоҷик аст, ки бо истеъдоди нотакрор ва диди зебопарастӣ тавонист рӯҳи замони худро дар шеъри тоҷик инъикос намояд. Гарчанде риштаи умраш кӯтоҳ буд, аммо ба шарофати суханҳои пурмаъно ва андешаҳои зиндагисоз номи ӯ ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Дар ҷараёни конфронс маърӯзаҳои илмии ҷолиб ва таҳлилӣ, ки ба масъалаҳои муҳимми ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти Ғоиб Сафарзода нигаронида шуда буданд, ироа гардиданд. Аз ҷумла, номзади имлҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик Мирзоева Маҳтовбӣ дар мавзуи “Фаъолияти эҷодӣ ва мероси адабии Ғоиб Сафарзода”, муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, дотсент Шафизода Фарҳод дар мавзуи “Пайванди анъана ва навоварӣ дар эҷодиёти Ғоиб Сафарзода” ва дотсенти кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр дар мавзуи “Саҳми Ғоиб Сафарзода дар публитсистикаи тоҷик” маърӯза намуданд.

Дар идома, ровии конфронс, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед бо суханони пурмазмун ва таҳлилҳои амиқ баромад намуда, иброз дошт, ки Ғоиб Сафарзода аз зумраи он адибоне мебошад, ки бо сабку услуби тоза ва диди хоси шоирона вориди адабиёти тоҷик гардида, дар миёни шоирони ҳамасри худ ҳамчун офарандаи андешаи тоза шинохта мешавад. Шеъри ӯ аз муҳаббат ба инсон, ватандорӣ, садоқат ба ҳақиқат ва эҳсоси масъулият дар назди миллат лабрез аст. Ӯ забони шеърро на воситаи таъриф, балки василаи бедории фикр ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа медонист. Маҳз ҳамин хислатҳо ӯро ба қатори чеҳраҳои барҷастаи назми солҳои 60-70-уми асри ХХ шомил месозанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Ғоиб Сафарзода бо сабки ҳассосу мусаффои баён, бо истифодаи васеи ташбеҳ, маҷоз ва рамзҳои нозук тавонистааст мавзуъҳои муҳимми иҷтимоӣ ва ахлоқиро бо як нафаси шоирона ва садоқат ба ҳақиқат баён намояд.

Дар идома иштирокдорон бо суханҳои сипос ва арзёбии баланди худ таъкид доштанд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ барои эҳёи рӯҳи таҳқиқоти адабӣ, омӯзиши шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ва тақвияти ҳувияти миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Кори конфронс бо қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори пурмаъно ва андешаофари Ғоиб Сафарзода дар иҷрои донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!