, Ҷумъа, 10-октябр

ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲСИЛКУНАНДА


ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲСИЛКУНАНДА

Имрӯз, 9-уми октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил доранд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони қисми тарбияи донишгоҳ, садорати факултетҳо ва донишҷӯён иштироку суханронӣ намуданд.

Мақсади баргузории вохӯрӣ таҳкими тартибу интизоми дохилидонишгоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулият, тақвияти маърифати шаҳрвандӣ ва ташаккули рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ дар байни донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани муқаддамотӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, махсусан донишҷӯёне, ки тавассути квотаи Президентӣ таҳсил доранд, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таъсиси квотаи Президентӣ намунаи олии ғамхории давлату ҳукумат ба насли ҷавону умедбахши миллат мебошад.

Зимни суҳбат,  ишора рафт, ки донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилдошта бояд дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар таҳсил, рафтор, интизом, одоби муошират, иштироки фаъол дар озмуну олимпиадаҳо ва ҳаёти ҷамъиятӣ намунаи ибрат барои дигарон бошанд.

Ректори донишгоҳ донишҷӯёнро ба мутолиаи пайвастаи осори Пешвои миллат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳидоят намуд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи низомнома ва қоидаҳои дохилии донишгоҳ, либоси ягонаи донишҷӯӣ, иштирок дар дарсҳо, покизагии муҳити таълим ва тартиботи хобгоҳ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки масъулияти таҳсил ва шаҳрвандии худро бо ҷиддият дарк намоянд.

Ҷараёни суҳбат дар фазои озоду самимӣ сурат гирифта, донишҷӯён фикру пешниҳодҳо ва дархостҳои худро ироа намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ донишҷӯён ба Роҳбарияти Олии кишвар барои фароҳамсозии шароити муосири таълиму тадрис ва ба раёсати донишгоҳ ҷиҳати таваҷҷуҳи пайвастаи тарбиявию маърифатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!