, Панҷшанбе, 09-октябр

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Мувофиқаткунии усулҳои таълим дар омӯзиши фанҳои таълимии забони модарӣ, математика ва санъати тасвирӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва 80-солагии муассиса баргузор гардид.

Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои таърих Комилзода Насим, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Ҳамоишро декани факултет Комилзода Насим ифтитоҳ намуда, аз нақши фанҳои табиӣ ва риёзӣ дар рушди тафаккури мантиқии насли ҷавон ва зарурати такмил додани усулҳои таълим дар шароити муосири технологӣ сухан гуфт. Ӯ таъкид кард, ки истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва ҳамгироии фаннӣ дар ҷараёни таълим имконият медиҳад, ки хонандагон малакаи таҳлилӣ, эҷодӣ ва мустақилона андешиданро бештар рушд диҳанд.

Сипас, доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Бозоров Хушвахт дар мавзуи “Методҳои таълимӣ-асоси қобилияти зеҳнию нутқии хонандагон”, муаллими калони кафедраи мазкур Давлатов Толқун да мавзуи “Усулҳои таълими байнифаннӣ дар синфҳои ибтидоӣ”, муаллими калони кафедра Пулодов Амирҳамза дар мавзуи “Метод ва усулҳои таълими санъати тасвирӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар фарҷом ҳамоиш бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни маърӯзакунадагону иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!