,
Панҷшанбе, 09-октябр
Санаи 08.10.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди сарпарасти гурӯҳи таълимии 303-ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ/ихтисоси иловагӣ Абдуҷаббор Сафарализода бахшида ба Рӯзи омӯзгор давлатӣ баргузор гардид.
Муаллим Абдуҷаббор Сафарализода дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ оғоз намуда, зимни ироаи маълумот доир ба мавзуъ, иброз намуд, ки каломи омӯзгор — чароғест, ки роҳи шогирдонро равшан месозад. Ҳар сухане, ки омӯзгор бо меҳр ва масъулият ба забон меорад, метавонад дар дилу зеҳни хонанда донишу илҳом, садоқату инсондӯстиро бедор кунад. Омӯзгор на танҳо донишу маърифат меомӯзонад, балки ахлоқу одоб, фарҳангу меҳрубониро низ ба насли ҷавон мерос мегузорад.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ Шабнами Нурулло дар мавзуи “Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор”, Мирзозода Шаҳноза дар мавзуи “Ҷойгоҳ ва симои омӯзгор” ва Манзураи Дилшод дар мавзуи “Шамъи фурӯзони олам” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир, омӯзгор аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор бояд ҳамеша дар маркази диққати насли ҷавон қарор дошта бошад.