, Панҷшанбе, 09-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗИСТШИНОСӢ"


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ЗИСТШИНОСӢ"

Имрӯз (08.10.2025) дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили "Зистшиносӣ"-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими биология факултети химия ва биология бо иштироки намоядаи маркази болозикр, мудири кафедра, роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил Раҷабов Афзалшоҳ суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуда, оид ба мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот дод.

Сипас, Шарипова Парвона, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Пайдоиши ҳаёт дар сайёраи Замин”, Бобоев Маъруф донишҷӯи курси чорум дар мавзуи “Нақши занбури асал дар ҳаёти инсон” ва Судобаи Бобохон донишҷӯёи курси панҷум дар мавзуи “Нақши биологии хун дар организми  инсон” маърӯза намуданд.

Маърӯзаҳои донишҷӯён бо мисолҳои илмӣ ва далелҳои ҷолиб пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуд. Пас аз ҳар маърӯза миёни донишҷӯёну устодон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи илмӣ сурат гирифт.

Дар анҷом, роҳбари маҳфил аз фаъолият ва иштироки босифати донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ намуда, ба онҳо барои омӯзиши амиқтари мавзуъҳои илмӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии зистшиносӣ тавсия дод.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!