,
Чоршанбе, 11-декабр
Санаи 21-уми феврал дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод аз ҷониби магистранти курси якуми факултет Гадоев Баҳодур дар мавзуи “Asking for and giving directions-пурсиш ва роҳнамоӣ” ҷиҳати тақвияти малакаи дониш ва дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ ва амалии худ баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Гуламадшоев Шокиршо, сармутахассиси шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонов Убайдулло, методистони тахассусӣ ва таҷрибаомӯзони магистрантони курсҳои якум ва дуюми факултет иштирок доштанд.
Нахуст дарсро магистрант Гадоев Баҳодур оғоз намуд. Ҳангоми дарс амалӣ муаллим доир ба мавзуи болозикр ба донишҷӯён маълумот дод. Инчунин дар қисмати саволу ҷавоб донишҷӯён ба саволҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир сармутахассиси шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонов Убайдулло суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.