,
Чоршанбе, 08-октябр
Имрӯз (07.10.2025) дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзуи “Аҳамияти амалкарди забони тоҷикӣ дар замони муосир” баргузор гардид.
Дар конференсия мутахассисони маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва Рузиева Барно, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии факултети мазкур Қаюмова Мубина, ҷонишини декан оид ба тарбия Насимҷони Сайдаъзам, ҳайати омӯзгорони факултет ва дигар донишҷӯён иштирок доштанд.
Кори конфронсро ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина оғоз намуда, иброз доштанд, ки забони тоҷикӣ дар замони муосир аҳамияти бузурги миллӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва нишонаи ҳувияти миллӣ нақши асосиро дар ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебозад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, истифодаи дурусту босаводи забон дар соҳаҳои илм, маориф, матбуот ва технологияҳои иттилоотӣ имконият медиҳад, ки фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.
Сипас, донишҷӯи курси чоруми факултет Руқияи Сатор дар мавзуи “Истиқлол ва забони давлатӣ”, донишҷӯи курси дуюми факултет Саидова Нигора дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” ва донишҷӯи курси сеюм Мафтунаи Сафархон дар мавзуи “ Саҳми устод Айнӣ дар рушди забони адабӣ” маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён муҳокима ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Омӯзгорон ва донишҷӯён дар доираи саволу ҷавоб оид ба мавзуъ изҳори андеша намуда, нақши забони давлатӣ ҳамчун омили ваҳдат, худшиносӣ ва пешрафти ҷомеаи муосирро арзёбӣ карданд.