, Душанбе, 06-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

Барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ фаъолият мекунанд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Бостоншиноси ҷавон”-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Санаи 6-уми октябри соли 2025 дар маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Бостоншиноси ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илмҳои таърих, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз, ассистенти кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил-Лалбеков Собирҷон ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.

Сараввал роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Шарипов Анушер - донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои фарҳангию сайёҳии Тоҷикистон” ва Талбиева Шаҳноза- донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Балҷувон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир миёни аъзоёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!