,
Душанбе, 09-декабр
Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ рӯзҳои «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ошёнаи аввали бинои маъмурии донишгоҳ намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён ба маърази тамошои хонандагон гузошта шуда буд, ки ҳудуди 323 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи Кӯлоб ширкат варзиданд. Ба довталабон маълумот оид ба фаъолияти донишгоҳ ва факултетҳо пешкаш карда шуд.
Пас аз намоиши дастовардҳо дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ҳамроҳии хонандагон Холиқзода Айниддин, ноиби ректори оид ба таълим, Худойдодова Шарофат, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Мирзоев Қурбоналӣ, сардори раёсати таълим ва деканони факултаҳо сӯҳбати озод намуданд.
Нахуст ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин суханронӣ намуда, қайд карданд: “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ мебошад, ки баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, тақвияти зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ миёни донишҷӯён иқдомҳои мушаххас руйи кор овардааст.
Донишгоҳ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2023-2024 дар 10 факултет бо 58 ихтисос эълон менамояд. Бо интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ояндаи дурахшон Шуморо дар пеш аст.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, 8 марказ, аз ҷумла, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, табъу нашр, рушди касбият, ихтироъкорони ҷавон, ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронӣ пайваст бо интернети баландсуръат, маҷлисгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, варзишгоҳҳои тобистонаву зимистонаи мутобиқ ба талаботи муосир, Парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, маркази касбомӯзӣ, литсей, Коллеҷи омӯзгорӣ, сомонаи расмӣ, нашрия, маҷаллаҳои илмӣ, лагери истироҳатӣ, кӯдакистон, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраки донишҷӯён, ошхонаҳои муосиру замонавӣ, марказҳои хизматрасонии компютерӣ буда, ба муҳассилин 625 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд.
Донишгоҳ таҳсилро дар таълими рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда, ҳамчунин, барои идомаи таҳсил баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда имконият муҳайё кардааст.
Маҳз фаъолияти густурдаву бисёрсолаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Шведсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) соҳиби Иҷозатнома (литсензия) ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.
Дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногуни илмӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷуён бевосита аъзои онҳо буда, савияи дониши худро сайқал медиҳанд ва тавассути ин маҳфилҳо дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Дар донишгоҳ шуъбаи таёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи PhD фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми беназир дорад. Танҳо дар соли 2022 аз ҳисоби омӯзгорон - хатмкунандагони донишгоҳ 13 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд”. Сипас Худойдодова Шарофат ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҳамаи хонандагонро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даъват намуданд ва интихоби довталабонро ба ин донишгоҳ тавсия намуданд.
Дар қисмати охир аз ҷониби хонандагон ба садорати Донишгоҳ саволҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳар як савол ҷавобҳои мушаххас гардониданд.