,
Душанбе, 06-октябр
Санаи 06.10.2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи Давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декани факултет оид ба тарбия Ташрифи Шариф, мутахассиси маркази рушди касбият ва инноватсия Ғаниев Фирӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст ҷонишини декани факултет оид ба тарбия Ташрифи Шариф маҳфилро оғоз намуда, қайд намуданд, ки ҷамъияти илми донишҷуён барои такмили донишу малакаҳои донишҷӯён заминаи хубе фароҳам овардааст, ки онҳо метавонанд таввасути ин ҷаъмият тамоми маҳорат ва истеъдодҳои худро ташаккул ва рушд диҳанд.
Сипас, Олимзода Сунатулло роҳбари маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баромад намуда, аз мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дод.
Дар идома Саидова Робия, донишҷӯи ихтисоси биология-экология дар мавзуи “Забон-ҳастии миллат” ва Ҳусниддини Сайфуддин донишҷӯи ихтисоси химия-биология дар мавзуи “Мушкилотҳои ҳозираи экологӣ” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни иштирокчиёну маърӯзачиён ба анҷом расид.