,
Душанбе, 06-октябр
(Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои табодули академӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон сафарбар гардиданд)
Субҳи 6-уми октябри соли 2025, дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии тантанавӣ бо гурӯҳи донишҷӯён баргузор гардид, ки тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ барои табодули академӣ ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба муҳлати як нимсола сафарбар мегарданд.
Дар вохӯрӣ муовинони ректор, роҳбарони факултетҳо, устодон ва донишҷӯёни сафарбаршаванда иштирок доштанд.
Зимни чорабинӣ, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба ҷанбаҳои муҳими раванди таълим дар донишгоҳи қабулкунанда, шароити будубош, тартиби таҳсил, муносибатҳои байнидонишгоҳӣ ва дигар паҳлуҳои марбут ба иқомат ва омӯзиши донишҷӯён дар пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ӯ ҳамзамон фармоиши ректори донишгоҳро оид ба сафарбарсозии донишҷӯён қироат намуда, таъкид кард, ки ин иқдом нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди зеҳнӣ ва касбии донишҷӯёни фаъолу пешсаф буда, ба густариши донишу малака ва таҷрибаи онҳо мусоидат хоҳад кард.
Дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни суханронӣ изҳор дошт: «Ҳар яке аз шумо бояд дар муҳлати таҳсил ва иқомати худ дар шаҳри Душанбе масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошед. Рафтори намунавӣ, ахлоқи нек ва донишандӯзии пайвастаатон бояд номи неки Донишгоҳи давлатии Кӯлобро дар муҳити нави таҳсил муаррифӣ намояд. Ном ва шарафи донишгоҳи мо дар симои ҳар яки шумо таҷассум меёбад».
Ӯ инчунин аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ва ҳукумат истифодаи самаранок бурда, малакаҳои касбӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва ҷаҳонбинии иҷтимоии худро рушд бахшанд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида ва шаҳрвандони масъулиятшинос дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ин иқдом идомаи барномаҳои ҳамкории байнимуассисавии донишгоҳ буда, қаблан рӯзи 30-юми сентябри соли ҷорӣ низ гурӯҳи дигари донишҷӯён барои табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сафарбар гардида буданд. Иштироки давра ба давраи донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар чунин барномаҳо бозгӯи густариши робитаҳои илмӣ-таълимӣ, тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими сифати маориф мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ бо мақсади афзун намудани сатҳи донишу таҷрибаи амалии донишҷӯён, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои байнимуассисавӣ пайваста идома хоҳанд ёфт.