,
Душанбе, 06-октябр
Дар ҳошияи баргузории семинари омӯзишӣ-машваратии минтақавӣ таҳти унвони “Accelerating English Language Learning in Central Asia (AELLCA)” — “Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки рӯзҳои 24–26 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор гардид, имрӯз, 04.10.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Мақсади баргузории ин ҳамоиш шарҳи муҳтавои семинари минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкории дохилидонишгоҳӣ дар самти такмили сифати таълими забони англисӣ буд.
Семинарро сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Муродзода Баҳриддин оғоз намуда, аз аҳаммияти лоиҳаи минтақавии AELLCA ва нақши он дар рушди малакаҳои забондонӣ, татбиқи усулҳои инноватсионӣ ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки иштироки ҳайати донишгоҳ дар ин ҳамоиши сатҳи баланд имкони муфидест барои тақвияти робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа.
Дар ҷараёни семинар инчунин масъалаҳои марбут ба роҳҳои беҳтар намудани сифати таълими забони англисӣ, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос, истифодаи технологияҳои муосир дар омӯзиш ва нақши барномаҳои байналмилалӣ дар рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муродзода Баҳриддин иброз дошт, ки донишгоҳ минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо Шурои Британия ва дигар шарикони байналмилалӣ барои густариши имкониятҳои омӯзгорону донишҷӯён дар соҳаи забони англисӣ иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ хоҳад кард.
Дар поёни чорабинӣ миёни иштирокчиён мубоҳисаи озод баргузор шуда, пешниҳодҳои судманд оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос ва ташвиқи барномаҳои омӯзишии муосир ироа гардиданд.