, Душанбе, 06-октябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: “ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТОҶИ ЗАБОНҲОСТ”


БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: “ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТОҶИ ЗАБОНҲОСТ”

Имрӯз (04.10.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди сарпарасти гурӯҳи таълимии 103-ихтисоси забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ Қаюмова Мубина бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

Муаллим Қаюмова Мубина дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ оғоз намуда, зимни ироаи маълумот доир ба мавзуъ, иброз намуданд, ки забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як халқу миллат дорои забон, урфу одат ва суннату анъанаҳои миллии худ мебошад. Халқи тоҷик низ дар баробари таърихи чандинҳазорсола доштанаш дорои забони ноби тоҷикӣ буд, ки то имрӯз ба мо боқӣ мондааст.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ Шарифзода Меҳрангез дар мавзуи “Рушди забон дар даврони Истиқлолият”, Усмонзода Майсара дар мавзуи “Пешвои миллат ҳомии забони тоҷикӣ” маърӯзаи худро ироа намуданд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи забони тоҷикӣ шеъру тарона қироат гардид.

Бояд қайд кард, ки дар дарс донишҷӯён хело фаъол буданд ва ба суолҳои пешниҳоднамудаи омӯзгор ҷавобҳои мушаххас гардониданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!