, Душанбе, 06-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ”

3-юми октябр дар кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили доимамалкунандаи “Литературный рассвет” бахшида ба рӯзи “Омӯзгор” баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Мунисаи Раҳимҷон, дигар омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил ширкат намуданд.

Нахуст, мудири кафедра Ғуломова Садбарг маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзи “Омӯзгор” табрику таҳният намуд. Сипас, роҳбари маҳфил Мунисаи Раҳимҷон ҳозиринро бо барномаи кори маҳфил ва мавзуъҳои баррасишаванда шинос намуд.

Дар идома, донишҷӯи факултети филологияи рус Шарипов Меҳроҷиддин доир ба масъалаи “Рушди нутқи забони руси дар мактабҳои миллӣ” маърӯзаи худро ироа намуд. Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни факултет бахшида ба рӯзи “Омӯзгор” шеъру таронаҳо қироат гардид.

Дар фарҷом, маҳфил бо суолу ҷавоб, мубодилаи афкор ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!