, Панҷшанбе, 21-май

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи "23 феврал – рузи Артиши миллӣ " бо иштироки садорати факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки Ҳама сола 23 – феврал дар саросарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Сипас Қурбонов Некруз ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг дар мавзуи “Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми ватан оғоз меёбад” баромад карданд.

Дар  охир  мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ahb1gtnp41n5jhcbgf7hbh2a01 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ahb1gtnp41n5jhcbgf7hbh2a01): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_lvlolqh5s11iujo8i6fp7vcp0c in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_lvlolqh5s11iujo8i6fp7vcp0c): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274