,
Якшанбе, 05-октябр
Субҳи рӯзи шанбеи 4-уми октябри соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки фаъолонаи ҳайати роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш сурат гирифта, як навъ амали муфид барои шуруъи фаъолонаи рӯз ба шумор меравад. Иштирокчиён зери роҳбарии мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ тамринҳои гуногуни ҷисмонӣ анҷом доданд, ки барои бедор намудани нерӯ ва эҳсоси руҳбаландӣ дар аввали рӯз мусоидат менамояд.
Ҳузури масъулини донишгоҳ нишон медиҳад, ки роҳбарият ба масъалаи солимии ҷисмониву равонии донишҷӯён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби тадбирҳои амаликунии барномаҳои давлатӣ оид ба ташаккули фарҳанги варзишӣ ва таҳкими масъулияти шахсӣ байни ҷавонон роҳандозӣ гардида, ҳамчун як бахши муҳими омодагӣ ба ҷашни 80-солагии таъсиси донишгоҳ амалӣ гардида истодааст.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ акнун ба як унсури ҷудонашавандаи ҳаёти донишҷӯён табдил ёфта, баргузории он фазои мусоиди дӯстӣ ва ҳамфикриро миёни ҳайати омӯзгорон донишҷӯён таҳким мебахшад.
Тибқи нақша баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳар ҳафта идома хоҳад ёфт.