, Якшанбе, 05-октябр

МИЗИ МУДАВВАР: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ


МИЗИ МУДАВВАР: ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Санаи 03.10.2025 аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар факултети филологияи рус мизи мудаввар дар мавзуи “Забони миллат-ҳастии миллат” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, дотсент Қувватова Муҳаббат, ҷонишини декани факултети филологияи рус Иброҳими Аҳмадхон, ассистенти кафедра Чолова Майрамбӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст мудири кафедра, дотсент Қувватова Муҳаббат доир ба мавзуи “Забон-мояи ифтихору сарфарозии ворисон” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки забони давлатӣ омили асосии ҳувияти миллӣ, пояи давлатдории муосир ва воситаи пайванди наслҳост. Ҳамзамон, ба муносибати Рӯзи омӯзгор, саҳми устодон дар тарбияи насли наврас ва пос доштани арзишҳои миллӣ махсус таъкид гардида, омӯзгорон ҳамчун роҳнамоёни маърифат ва парчамбардорони илму фарҳанг ситоиш ёфтанд.

Сипас, донишҷӯёни факултети филологияи рус Асроров Асрор дар мавзуи “Забон-муаррифгари миллат”, Аҳмадзода Гулчеҳра дар мавзуи “Рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” ва Қаюмова Маҳбуба дар мавзуи “Васфи устод ва мақоми он дар ҷомеа” маърӯза намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳувияти миллӣ ҳамчун омилии асосӣ ва пояи воқеии ҳастии миллат, маҷмӯи арзишҳо, фарҳанг, таърих ва забони як халқро дарбар мегирад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ва рамзи давлатдорист. Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза, ки фарҳангҳои гуногун ба ҳам омехта мешаванд, нақши забони давлатӣ дар нигоҳдорӣ ва рушди ҳувияти миллӣ беш аз ҳарвақта муҳим ва афзал гардидааст.

Ҳамзамон порчаҳои назмӣ ва насрӣ дар ситоиши омӯзгор ва забон аз ҷониби донишҷӯён қироат гардиданд, ки муҳтавои онҳо ҳусни иловагӣ бахшида, муҳаббати ҷавононро нисбат ба забон ва арзишҳои миллӣ инъикос менамуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!