,
Якшанбе, 05-октябр
Имрӯз (03.10.2025) дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили Парчамбардори миллатем”-и назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он бо иштироки мудири кафедра, роҳбари маҳфил, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст мудири кафедра, дотсент Лоиқов Парвиз баромад намуда, мақсад ва аҳаммияти маҳфилро дар рушду такомули малакаҳои касбӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, роҳбари маҳфил Бозоров Зиёвуддин оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуда, дар бораи мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот дод.
Дар идома Раҳимзода Муҳаммад - донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Метод ва воситаҳои фаъолияти педагогии соҳаи варзиш” ва Одинаев Муҳиддин- донишҷӯи курси 4-уми факултет дар мавзуи “Қоидаҳои гуштини тарзи озод” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.
Дар охир миёни иштирокдорон ва баромадкунандагон оид ба мавзуъҳои зикргардида саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира баргузор гардид.