,
Якшанбе, 05-октябр
Бо чунин ном имрӯз, 3-юми октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Фурӯғи маърифат» бахшида ба Рӯзи омӯзгор бо иштироки ҳайати раёсат, устодону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Толори идонаи донишгоҳ пур аз рӯҳияи ҷашнӣ, муҳаббат ба омӯзгор ва садоқат ба илму маърифат буд. Мавҷи эҳтирому самимият фазоро фаро гирифта, барнома бо иҷрои зиндаи Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ва аҳли толор оғоз гардид.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳиву шодбошӣ бо ифтихор ва эҳтироми амиқ аз мақому манзалати устод ёдовар шуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгор- рӯйдоди басо арзишманду пурҳикмат ва оинаи равшани худшиносӣ, табрику шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатию хонаободӣ ва дар фаъолияти пуршараф ва ниҳоят пурмашақати омӯзгорӣ муваффақияту комгориҳои беназирро таманно намуд.
Ӯ таъкид кард, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли маориф дар Ватани азизи мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол, Рӯзи омӯзго бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Гиромидошти Рӯзи омӯзгор пеш аз ҳама, баёнгари арҷгузорӣ ва эҳтироми хоса ба устод, муаллим ва равшангари роҳи инсонӣ мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро «афрӯзандаи машъали илму дониш» ва «равшанкунандаи хиради башар» номида таъкид намудаанд, ки «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон - фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад».
Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо - кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, дотсент Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, зикр дошт, ки нақши омӯзгор дар таҳкими пояҳои маънавии давлат ва пешбурди ҷомеа муассир ва ҳалкунанда аст. Вай таъкид намуд, ки шаҳрдорӣ ҳамеша аз ташаббусҳои таълимӣ, илмӣ ва маънавии омӯзгорон пуштибонӣ менамояд ва дар таҳкими мақоми онҳо талош хоҳад кард.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Сайвализода Салим низ дар баромади худ омӯзгорро ҳамчун сутуни маънавияти миллӣ тавсиф намуда, саҳми омӯзгоронро дар татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан, арзишманд арзёбӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки омӯзгорон бо неруи ақлу дониш ва дили гарми худ ҷомеаро рушд мебахшанд ва ба насли нав роҳи ҳаётро меомӯзонанд.
Дар бахши музокира, омӯзгори собиқадор Валиева Саъбагул бо эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббат ба касби худ баромад кард. Ӯ аз рӯзгори пурмашаққати омӯзгорӣ, шириниву талхии ин касб ва масъулияти бузурги тарбияи насли навин сухан гуфт. Баромади муассири ӯ дар қалби донишҷӯён ва омӯзгорон ангезаи бештар барои идомаи роҳ ва арҷгузорӣ ба рисолати омӯзгорӣ барангехт.
Дар идомаи чорабинӣ, гурӯҳе аз устодону омӯзгорони фаъоли донишгоҳ барои хизматҳои арзандаашон дар самти таълиму тарбия, саҳми босазо дар рушду пешбурди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Раёсати донишгоҳ ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар минтақаи Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд. Ин қадршиносӣ нишони эҳтиром ба заҳмати омӯзгорон ва ташаккур ба кӯшишу талошҳои пайвастаи эшон дар роҳи рушди маънавии ҷомеа мебошад.
Барномаи фарҳангии "Фурӯғи маърифат", ки бо иштирок ва ҳунарнамоии кормандони ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги муассиса ва донишҷӯёни фаъолу боистеъдод идома ёфт, дар баробари сурудҳои ватандӯстона, рақсу бозӣ ва порчаҳои шеърӣ, муҳтавои баланд ва рӯҳияи ҷашнӣ дошт. Ҳар як бахши барнома бозгӯи шукӯҳу ҷалоли касби омӯзгор ва арҷгузорӣ ба хидмати онҳо буд.