, Шанбе, 04-октябр

ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА СУТУНИ ҶОМЕА


ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА СУТУНИ ҶОМЕА

Гузориш аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар рӯзҳое ки фазои илму маърифат бо шукӯҳи эҳтиром ба омӯзгор мунаввар мегардад ва рӯҳи арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ дар қалби ҷомеа реша медавонад, имрӯз 3 октябри соли 2025, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Технологияи баланд бардоштани мақому манзалат ва уҳдадориҳои омӯзгор” баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи таҷлил аз Рӯзи омӯзгор ва 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ, бо ҳузури ҳайати раёсат, олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, устодони варзида ва донишҷӯёни фаъол, доир шуд.

Дар оғози конфронс ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз гӯшаҳои навтаъсиси бинои маъмурии муассиса, ки ба истиқболи ҷашни 80-солагии донишгоҳ оро ёфта буданд, боздид намуда, бо намоиши дастовардҳои илмии устодону омӯзгорон шинос шуданд.

Кори конфронс бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи ваҳдат ва худшиносии миллӣ ифтитоҳ ёфт. Дар зимн, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва аҳли илму маорифро ба ин боргоҳи маърифат хайрамақдам гуфта, ҳузури шахсиятҳои соҳибандеша ва донишмандонро дар ин ҳамоиши илмию амалӣ нишони эҳтиром ба омӯзгор ва илму дониш арзёбӣ намуд.

Ҳамчунон таъкид намуд, ки ҷаҳони имрӯз дар як марҳилаи нави таърихӣ қарор дорад. Тағйирёбии босуръати муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар заминаи равандҳои амиқи ҷаҳонишавӣ на танҳо ҷаҳонбинии ҷомеаро дигар месозад, балки ниёз ба рушди нерӯи инсонӣ ва сатҳи маърифати ҷомеаро боз ҳам амиқтар менамояд.

Дар чунин шароит, нақши омӯзгор, чун раҳнамо ва раҳбари фикриву ахлоқии наслҳои ояндасоз, беш аз ҳар вақти дигар зарур ва сарнавиштсоз гардидааст. Маҳз омӯзгоронанд, ки дар пайкари миллат рӯҳу равон медаманд ва ба шохаҳои зафарпазири дарахти давлатдоравӣ неру мебахшанд.

Ректори донишгоҳ, зимни суханронӣ, бо ифтихор ёдовар шуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз самтҳои афзалиятноки давлат ба шумор меравад. Пешвои миллат омӯзгорро бо эҳтироми олист, ки “шаҳсутуни низоми таълиму тарбия” ва “муқаддастарин касби рӯи замин” унвон дода, таъкид менамоянд, ки бе омӯзгори асилу донишманд, насли соҳибмаърифат ва ҷомеаи пешрафта ташаккул ёфта наметавонад.

Ин андешаи ҳакимона таҷассумгари эҳтироми миллӣ ба омӯзгор ва даъватест ба сӯи эҳёи ҷойгоҳи воқеии муаллим дар ҷомеа. Маҳз тавассути омӯзгор, миллат ба фазои худшиносӣ, худогоҳӣ ва рушди устувори миллӣ қадам мениҳад.

Дар рафти конфронс, муҳаққиқон ва устодони шинохта бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва андешаҳои фарогири илмӣ ҳозиринро ба дунёи таҳлил ва баҳсҳои пурарзиш ворид карданд.

Профессор Гулмадов Файз, доктори илмҳои педагогӣ ва мудири шуъбаи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дар мавзуи “Омӯзгор - аламбардори илму ирфон” маърӯза намуда, таъкид кард, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ бештар аз ҳарвақта ба нерӯи маънавии омӯзгор ниёз дорад. Ӯ омӯзгорро ҳамчун “машъалафрӯзи ҷомеа” тасвир намуда, ҷойгоҳи ӯро дар замони таҳаввулоти рақамӣ таърифу таҳлил кард.

Доктори илмҳои педагогӣ Бозоров Хушвахт, дар баромади худ таҳти унвони “Омӯзгорӣ - пешаи муҳимми башар”, бо нигоҳи таърихӣ ва равиши иҷтимоӣ, аҳамияти ин пешаро дар шаклдиҳии шахсияти инсон ва тафаккури миллӣ баррасӣ кард.

Дотсент Ғафурова Дилором, аз Донишгоҳи давлатии Данғара, бо маърӯзаи худ дар мавзуи “Тайёрии касбии муаллими синфҳои ибтидоӣ дар педагогикаи муосир”, ба яке аз муҳимтарин рукнҳои низоми таълим, муаллими синфҳои ибтидоӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳияи механизмҳои муосири омодасозии кадрҳоро таъкид намуд.

Ин ҳамоиш, ки ба рукни муҳими ҷомеа-омӯзгор ва рисолати муқаддаси ӯ бахшида шуда буд, ба як минбари баланди фикрии табодули андешаву таҷриба табдил ёфт. Маърӯзаҳо саршор аз андешаи тоза, пешниҳодоти амалӣ ва дидгоҳҳои муосир буданд, ки бешубҳа дар таҳкими мақоми омӯзгор ва беҳсозии сиёсати кадрӣ дар соҳаи маориф мусоидат хоҳанд кард.

Дар бахши музокира дотсент Холиқов Сафар суханронӣ намуда, дар бораи мақоми омӯзгор ва нақши арзишманди ин пеша ибрози назар карда, онро яке аз касбҳои пуршарафу меҳварии ҷомеа арзёбӣ намуд.

Қисми пленарии конфронс бо музокира ва ҷамъбасти фикрҳо анҷом ёфта, тибқи маълумоти муовини ректор оид ба илм ва инноватсия- Камолзода Шодмон, кори конференсия дар нимаи дуюми рӯз дар ду бахши алоҳида бо муҳокимаи 64 мақолаи илмӣ аз ҷониби олимон, устодон ва муҳаққиқони соҳа идома ёфт.

Гуфта шуд, ки маводи мақолаҳои конференсия, ки натиҷаи талошҳои илмии олимону донишмандон ва устодону муҳаққиқони муҳтарам мебошад, на танҳо таҷассуми ҷаҳонбинии илмии муосир аст, балки ҳамчун дастури амал барои устодону муҳаққиқон, донишҷӯён ва дар ҳалли мушкилоти соҳаи маориф метавонад истифода шавад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!