,
Ҷумъа, 03-октябр
Имрӯз 2.10.2025 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон” бо иштироки роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил Кулобиев Мирзо баромад намуда, доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ миёни донишҷӯён сухан гуфт. Ӯ тазаккур дод, ки маҳфилҳои илмӣ имконият медиҳанд донишҷӯён донишу маҳорати назариявӣ ва амалӣ худро рушд дода, малакаи таҳлили масъалаҳои мураккаби риёзиро такмил бахшанд.
Сипас, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математикаи амалӣ Ҳайдарова Сумая бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Инъикоси стереографии нуқтаҳои сфера ба ҳамворӣ» баромад намуда, ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии мавзуъро шарҳ дод.
Дар охир, маҳфил бо муҳокимаи мавзуъ, ҳалли мисолу масъалаҳои риёзӣ ва мубодилаи афкор миёни донишҷӯён идома ёфта, бо хулосабарорӣ аз ҷониби роҳбар ва иштирокчиён ба анҷом расид.