,
Ҷумъа, 03-октябр
2-юми октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навтаъсиси китобхонаи донишгоҳ таҳти унвони «Фурӯғи дониш» баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон, мутахассисони китобхона Орзуева Манзура, Шомадова Фарангис, аъзоёни маҳфил ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд.
Нахуст, мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон баромад намуда, аз аҳамият ва зарурати ташкили чунин маҳфилҳо дар баланд бардоштани маърифату фарҳанги китобхонӣ миёни донишҷӯён ёдовар шуд. Сипас, роҳбари маҳфил Орзуева Манзура ҳозиринро бо барномаи кори маҳфил ва мавзуъҳои баррасишаванда шинос кард.
Дар идома, донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика Давлатов Некрӯз бо маърӯзаи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», Давлатова Омина дар мавзуи «Забони тоҷикӣ дар шеъри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», Хоҷаев Азизулло бо суханронии худ доир ба «Ҳаёт ва фаъолияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва инчунин донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи хориҷӣ Ашурова Мавлуда бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзуи «Ҳаёт ва фаъолияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» баромад намуданд.
Дар фарҷом, маҳфил бо суолу ҷавоб, мубодилаи афкор ва музокироти устодону донишҷӯён бо маърӯзачиён идома ёфта, бо натиҷагирӣ аз барнома ва тавсеаи аҳамияти омӯзиши адабиёти классикиву муосир ба анҷом расид.