, Ҷумъа, 03-октябр

ДАРСИ КУШОД: “ҚАДРИ УСТОДАТ БИДОН, ТО ҚАДРИ ХУД ОРӢ БАҶО”


ДАРСИ КУШОД: “ҚАДРИ УСТОДАТ БИДОН, ТО ҚАДРИ ХУД ОРӢ БАҶО”

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ ва кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти олӣ, мубодилаи таҷрибаи омӯзгорӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.

Дар ҳамин замина, имрӯз (01.10.2025) дар факултети химия ва биология аз ҷониби ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Моҳираи Ҳикматулло дар гурӯҳи таълимии 302-и ихтисоси химия–биология дар мавзуи “Қадри устодат бидон, то қадри худ орӣ ба ҷо” дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории дарс Моҳираи Ҳикматулло оид ба ҷойгоҳ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, нақши ӯ дар ташаккули афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва адабии насли наврас андешаҳои худро иброз намуда, таъкид дошт, ки эҳтироми устод ва қадршиносӣ аз заҳматҳои ӯ яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи мутамаддин маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ низ фаъолона иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро перомуни мавзуъ баён карданд. Онҳо нақши устодро дар ташаккули шахсияти комил, рушду камоли маънавӣ ва касбии инсон таъкид намуда, аз омӯзгорони худ изҳори сипосмандӣ карданд.

Дарси кушод бо муҳокимарониҳои судманд анҷом ёфт ва ҳамчун таҷрибаи хуби омӯзишӣ баҳри таҳкими муҳаббат ва эҳтироми ҷавонон нисбат ба устодон арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!