, Ҷумъа, 03-октябр

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ


МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Бо чунин ном имрӯз, 1-уми октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар доираи таҷлил аз Рӯзи забони давлатӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 80-солагии донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конфронс аҳли раёсат бо роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, олимону муҳаққиқони варзида аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла д.и.ф., профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ- Хоҷаев Давлатбек, д.и.ф. профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ Дилмурод Ҳомидзода; д.и.ф., профессори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони донишгоҳ Ҷумъахон Алимӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДСРТ- Амлоев Аминҷон, коршиносон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромӣ, олимону донишмандон ва аҳли илму адаби кишварро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро дар ин ҳамоиш боиси шодии афзун ва ифтихормандии ҷомеаи бисёрҳазорнафараи ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ намуд.

Дар зимн таъкид дошт, ки мо-мардуми сарбаланди тоҷик аз самари истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи пойдор бо баҳрагирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи забони давлатиро бо шукҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Ин санаи тақдирсоз аз зумраи муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамчун рамзи эҳёи асолати фарҳангӣ, нишонаи ҳувият ва пояи давлатдории тоҷикон шинохта мешавад.

Дар воқеъ, Рӯзи забони давлатӣ-ин на танҳо ҷашни як забон, балки ҷашни ҳастии миллат, таҷассуми ҳамбастагии таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти тоҷикон аст. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки забони ноби тоҷикӣ мавқеи худро ҳамчун забони расмӣ ва шоҳсутуни давлатдорӣ соҳиб гардад. Имрӯз ин забон бо кӯшиши давлату ҳукумат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона мавриди истифода қарор гирифта, мояи ифтихори ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои илмии ҷолиб ва таҳлилӣ, ки ба масъалаҳои муҳими забоншиносӣ ва марбут ба сиёсати давлатӣ нисбат ба забон дар шароити Истиқлол нигаронида шуда буданд, ироа гардиданд. Аз ҷумла: профессор Хоҷаев Давлатбек дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди забон ва таърихи илми забоншиносии тоҷик” ба таври муфассал равандҳои таҳаввулоти забонро дар замони Истиқлол баррасӣ намуда, сиёсати забонӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллатро рӯшан сохтанд. Профессор Ҷумъахон Алимӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами забоншиносии муосир дар шароити нави Тоҷикистон” ба равандҳои методологӣ, равиши таҳқиқи таҳаввули забон ва вижагиҳои забони муосири тоҷикӣ пардохта, пешниҳодҳои амалиро барои густариши пажӯҳишҳои забоншиносӣ матраҳ намуданд. Дар зимн профессор Дилмурод Ҳомидзода бо маърӯзаи “Нигоҳе ба номгузории замони соҳибистиқлолӣ” ба як паҳлуи муҳими забоншиносии иҷтимоӣ, сиёсат ва фарҳанги номгузорӣ, таваҷҷуҳи илмиро ҷалб намуданд. Ҳамчунин дотсент Амлоев Аминҷон Ятимович “Масоили истилоҳнигорӣ ва зарурати таҳияи стандартҳои истилоҳотро дар шароити рушди илму техника” баррасӣ намуда, масоили ҳамоҳангсозии истилоҳот дар макотиби олӣ ва ниҳодҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Иштирокчиён бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихи пурифтихор забони тоҷикиро ҳамчун василаи пайванди наслҳо, равзанаи тамаддуни шарқ ва манбаи илҳом барои пажӯҳишҳои забоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ арзёбӣ намуданд. Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи иртибот, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллӣ, рамзи таърих ва ифтихори миллӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Камолзода Шодмон Валихон-дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, кори конфронс дар нимаи дуюми рӯз бо баррасии 40 мақолаи олимону донишмандон ва устодону кормандон дар бахшҳо ҷараён гирифт, иштирокчиён маърӯзаҳои худро пешниҳод ва масоили марбут ба забоншиносӣ, фарҳанги забонӣ, таълиму тарбия ва масъалаҳои ҳуқуқии забони давлатиро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки маҷмуаи маводи конфронс, ки бар асоси маърӯзаҳои илмии иштирокдорон омода шудааст, ҳамчун як манбаи арзишманди таҳқиқотӣ барои донишҷӯён, устодон ва муҳаққиқони соҳа хизмат хоҳад кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!