, Ҷумъа, 03-октябр

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС


ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

Санаи 30.09.2025 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси якуми факултет баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат, муовинони декани факултет, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои якум иштирок доштанд.

Нахуст муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои аз бар кардани донишу малакаҳои касбӣ муваффақияту бурдбориҳо таманно намуданд. Зимни баромади хеш оид ба масъалаҳои риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ, риояи тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, рӯ овардан ба китобу рӯзнома, обуна шудан ба китобхонаҳо, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ суханронӣ намуданд.

Дар идома декани факултет, дотсент Ашуров Азамат суханронӣ намуда, қайд кард, ки донишҷӯ саъю кушиш мекунад, ки дар касби интихобнамудааш мутахассис шавад. Ӯ бовиҷдонона таҳсил мекунад ва дар тадқиқотҳои илмӣ ширкат меварзад. Ҳамаи имкониятҳоро барои пурра кардани сатҳи дониш ва аз худ намудани малакаҳои амалӣ истифода мебарад, кушиш мекунад, ки дар касби интихобкардааш мутахассиси хуб шавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор донишҷӯёни курси якуми факултет дафтарчаҳои имтиҳонотӣ аз ҷониби садорати факултет супорида шуда, онҳоро барои сазовори номи донишҷӯ шудан табрик карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!