, Ҷумъа, 03-октябр

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БО САРДОРОНИ ГУРӮҲҲОИ ТАЪЛИМӢ


ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БО САРДОРОНИ ГУРӮҲҲОИ ТАЪЛИМӢ

Имрӯз, 30 сентябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва муовинони ректор бо сардорони гурӯҳҳои таълимӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ бо мақсади таҳкими фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии донишҷӯён, баланд бардоштани савияи маърифатӣ ва ахлоқии онҳо, ҳамзамон ҳавасмандсозии донишҷӯён ба омӯзиш ва мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ доир шуд.

Сараввал, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, аҳамияти ҷойгоҳи сардорони гурӯҳҳоро дар фаъолияти таълимӣ ва раванди таҳсил таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки сардорони гурӯҳҳо ҳамчун такягоҳи асосӣ миёни садорати факултет ва донишҷӯён хизмат карда, нақши онҳо дар ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ, риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ, баланд бардоштани савияи ахлоқӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва пешгирии шомилшавии донишҷӯён ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ хеле муҳим мебошад.

Ҳамзамон, ректор ба масъалаи давомоти донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки ҳузури фаъол ва мунтазам дар дарсҳо яке аз нишондиҳандаҳои асосии муваффақияти таълимӣ мебошад. Ӯ бо изҳори сипос аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона,хирадмандона ва ғамхориҳои роҳбарияти кишвар барои донишҷӯён тамоми шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муосир, китобхонаҳои дорои захираи ғанӣ, марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва лабораторияҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Сипас, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои таълимӣ андешаҳои худро баён кард. Ӯ таъкид намуд, ки сардорони гурӯҳҳо бояд дар тақвияти раванди таҳсил, ҳавасмандсозии донишҷӯён барои иштирок дар дарсҳо ва баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо нақши фаъол дошта бошанд.

Дар идома, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон дар бораи роҳҳои ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ, ширкат дар маҳфилҳо ва семинарҳои илмӣ баромад намуда, таъкид кард, ки донишгоҳ ба ҳар як донишҷӯ имкони фарох барои рушду пешрафти илмӣ фароҳам овардааст ва истифодаи дуруст аз ин имкониятҳо масъулияти ҳар як донишҷӯ мебошад.

Баъдан, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, вобаста ба масъалаҳои тарбиявӣ суханронӣ намуда, зарурати тақвияти корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёнро таъкид кард. Ӯ изҳор дошт, ки сардорони гурӯҳҳо дар пешбурди корҳои тарбиявӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён вазифаи муҳим доранд.

Ҳамчунин, сардори раёсати тарбия, дотсент Шарипов Анвар дар мавзуи «Талаботи асосӣ дар фаъолияти таълимии донишҷӯён-сардорони гурӯҳҳои таълимӣ» баромад намуда, оид ба уҳдадориҳо ва масъулиятҳои сардорони гурӯҳҳо маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ, ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан таъкид намуд, ки: “Сардорони гурӯҳҳои таълимӣ на танҳо роҳбари ҳамкурсони худ, балки дастгир ва мададрасони раёсати донишгоҳ ва устодон мебошанд. Маҳз тавассути фаъолияти созандаи шумо мо метавонем сатҳи дониш ва маърифати донишҷӯёнро боло барем ва муҳити солими таълимиро таъмин намоем”.

Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ҷараён гирифта, сардорони гурӯҳҳои таълимӣ фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои мазкур иброз намуда, барои ҷоннок намудани корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ пешниҳодҳои судманд пешкаш карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!