,
Ҷумъа, 27-декабр
Имрӯз дар назди раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ муҳокимаи рисолаи доктории Сафарзода Мунир Ватан дар мавзуи “Назария ва амалияи андрагогика дар низоми такмили тахассуси кадрҳои педагогӣ дар шароити нави Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 - педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (мушовирони илмӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо) баргузор гардид.
Дар муҳокима профессорон Ҷумъахон Алимӣ, Ғуломов Ислом, Изатова Муҳаббат, дотсентон Иброҳимов Гурез, Самариддинова Зайнаб, Бозоров Хушвахт, Назаров Ҳотам, Бобоева Маҳбуба, Файзуллоева Фирӯзамо, Сироҷиддини Давлаталӣ, Давлатов Раҳмоналӣ, Расулова Лутфия, Шарипов Аламшо ва дигарон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима докторони илм, профессорон Ҷумъахон Алимӣ, Ғуломов Ислом, Изатова Муҳаббат, дотсентон Иброҳимов Гурез, Самариддинова Зайнаб, Бозоров Хухвахт, Расулова Лутфия, Файзуллоева Фирӯзамо ва дигарон баромад намуда, зимни баромадашон қайд намуданд, ки омўзиши “Андрагогика” яке аз мавзуъҳои актуалии замони муосир ба ҳисоб рафта, барои фарогирии насли калонсол ба таълим мусоидат менамояд. Асосҳои андрагогӣ ва усулҳои технологии таълими калонсолон дар марҳилаи ташаккул ва рушд қарор дошта, аллакай ба тамоми соҳаи маориф таъсири худро расонидааст. Бо вуҷуди ин, андрагогика ҳанӯз пайдоиши низоми ҳамоҳангшудаи илмӣ ва мақоми ниҳоии худро ҳамчун яке аз илмҳои мустақили таълимӣ ҳанӯз ба пуррагӣ касб накардааст; асосҳои назариявӣ ва илмӣ-методологии он, натанҳо дар кишвари мо, балки дар кишварҳои хориҷ низ мавзуи илмӣ - таҳқиқоти васеъ қарор нагирифтааст.
Муҳокимаи рисолаи докторӣ бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯ ва мушовирони илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.