, Сешанбе, 30-сентябр

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ БМТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ


ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ БМТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ, алалхусус донишҷӯёну ҷавонон, аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад имрӯз, 30 сентябри соли 2025, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо донишҷӯёни факултети мазкур баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саймуродов Абдулло, мутахассиси дараҷаи якуми шуъбаи назорати бонк, дар мавзуи «Рақамикунонии пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ» баромад намуда, зикр кард, ки рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ яке аз самтҳои муҳими рушди низоми молиявии кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад амалиёти пардохтӣ бо суръат, шаффофият ва боэътимодӣ анҷом ёбад. Ҳамзамон, инфрасохтори муосири пардохтӣ ба густариши хизматрасониҳои молиявӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.

Сипас, Бобоев Фаридун, корманди ҳамин шуъба, дар мавзуи «Тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти густариши муомилоти ғайринақдӣ, истифодаи кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳои мобилӣ ва дигар усулҳои муосири ҳисоббаробаркунӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ қайд намуд, ки ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо амнияти молиявиро таъмин мекунад, балки шаффофияти гардиши маблағ ва пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ низ замина мегузорад.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён ба мутахассисони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон саволҳои гуногун пешниҳод намуда, посухҳои муфассал гирифтанд. Суҳбат дар фазои озод ва равобити самимӣ ҷараён гирифта, ба густариши маърифати молиявии ҷавонон мусоидат намуд.

Дар охир масъулон таъкид карданд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома ёфта, барои боло бурдани сатҳи маърифати молиявӣ ва рушди малакаҳои иқтисодию молиявии ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!