, Сешанбе, 30-сентябр

ПАЁМИ БОВАРӢ ВА УМЕД


ПАЁМИ БОВАРӢ ВА УМЕД

(донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сафарбар гардиданд)

Субҳи имрӯз, 30-юми сентябри соли 2025, дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии гарму самимии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо гурӯҳи донишҷӯён, ки тибқи шартномаи ҳамкорӣ барои табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муҳлати як нимсола сафарбар мегарданд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовинони ректор, роҳбарияти факултетҳо ва донишҷӯёни сафарбаршаванда иштирок намуданд.

Дар оғоз, муовини ректор оид ба таълим дотсент Абдусамадзода Эраҷ доир ба ҷанбаҳои муҳими раванди таълим, шароити будубош, тартиби таҳсил ва дигар паҳлуҳои муҳими марбут ба иқомат ва омӯзиш дар пойтахт гузориши муфассал пешниҳод намуда, фармоиши расмии ректорро оид ба сафарбарсозии донишҷӯён ироа намуд.

Дар идома, ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни суҳбат бо донишҷӯён таъкид доштанд, ки ҳар яке аз Шумо-шогирдони азиз, бояд дар муҳлати таҳсил ва иқомати худ дар шаҳри Душанбе масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос карда, бо ахлоқи намунавӣ, донишандӯзии пайваста ва рафтори шоиста муаррифгари арзандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бошаед.

Аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бояд ҳар яки Шумо дар ин муддат ва марҳилаҳои баъдии таҳсилу омӯзиш аз имкони фароҳамовардаи давлату ҳукумат истифодаи самаранок бурда, малакаҳои касбӣ, донишҳои назариявию амалӣ ва маърифати шахсии худро рушд бахшида, дар ташаккули шахсияти муваффақ саҳми муносиб гузоред.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки симои ҳар як донишҷӯ дар муҳити нав на танҳо шахсияти ӯ, балки обрӯ ва мақоми Донишгоҳи давлатии Кӯлобро низ муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд бо донишу ахлоқи баланд дар макони нави таҳсил нақши созанда дошта бошанд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!