,
Сешанбе, 30-сентябр
Имрӯз (29.09.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-бадеии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет бахшида ба Рӯзи Мавлоно таҳти унвони “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ-пайвандгари наслҳо ва тамадунҳо” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, муовинони декан, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини ректор, дотсент Камолзода Шодмон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Насиҳатгарӣ ва пандомӯзӣ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми ориётабор аст, ки умқи таърихи миллӣ реша дорад. Минбаъд суннату анъанаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ аз насл ба насл гузашта, дар эҷодиёти бузургони илму адабиёти миллӣ тадовум пайдо мекунанд. Зиёда аз ин, тавассути оини тарбияти бузургони мо халқу миллат ва дар умум мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ташвиқу тарғиб кардаанд. Яке аз бузургони илму адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ки дар побарҷо нигоҳ доштани суннатҳои ахлоқӣ ва маданӣ нақши калидӣ доштааст, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошад. Тазаккур бояд дод, ки таълимоти ахлоқии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бар асоси андешаҳои гуманистӣ созмон ёфта, дар он мавзуи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули рӯҳии худ мақоми хос дорад”.
Дар идома декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика дотсент Зулфиев Гадомад дар мавзуи “Ҷалолиддини Балхӣ-мунодии ваҳдат”, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтиниссо дар мавзуи “Мақоми забони тоҷикӣ аз назари Ҷалолиддини Балхӣ” ва магистранти курси дуюми ихтисоси адабиёти тоҷики факултет Азимов Исматулло дар мавзуи “Тараннуми дӯстӣ ва ҳамбастагӣ дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ” баромад намуданд.
Қайд гардид, ки бузургии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, нақши Мавлоно дар пойдории ваҳдату ҳамдилӣ, тарбияи инсони комил ва таҳкими ғояҳои инсондӯстӣ бузург аст.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти Ҷалолиддин Балхӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.