, Сешанбе, 30-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЗАБОНШИНОС ВА МЕТОДИСТИ ҶАВОН”

Санаи 29.09.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Забоншинос ва методисти ҷавон”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон бо иштироки мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Давлатов Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, роҳбари маҳфил Одинаева Ҳуснигул, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзои маҳфил гузаронида шуд.

Дар маҳфил Мафтунаи Сафархон донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забоншиносӣ ва техналогияи нави иттилоотӣ маърӯзаи худро дар бораи “Нақши Айнӣ дар навсозии забони адабӣ” ва Саидова Нигора-донишҷӯи курси дуюм ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва рушду нумуи он дар замони соҳибистиқлолӣ” маърӯза намуданд.

Маҳфил бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва баррасии роҳҳои таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-методии донишҷӯён идома ёфта, бо натиҷаҳои арзишманд ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!