, Шанбе, 27-сентябр

ДАРСИ КУШОД: ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНИ БЕҲТАР АСТ


ДАРСИ КУШОД: ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНИ БЕҲТАР АСТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ ва кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти олӣ, мубодилаи таҷрибаи омӯзгорӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.

Дар ҳамин замина, имрӯз (27.09.2025) дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги донишгоҳ аз ҷониби ассистенти кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он Мавлонов Сулаймон дар мавзуи “Ҳамдилӣ аз ҳамзабони беҳтар аст” бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар гурӯҳи таълимии 103-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Мавлонов Сулаймон зимни ироаи дарс дар бораи зиндагӣ ва осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, нақши ӯ дар ташаккули афкори фалсафӣ ва адабии ҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ғояи ҳамдиливу ваҳдат дар таълимоти ин бузургмарди фарҳангӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки аҳамияти аслии андешаҳои Мавлоно на танҳо дар заминаи шеъриву фалсафӣ, балки дар тарбияи ахлоқии наслҳои имрӯзу фардо низ ниҳон аст.

Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ андешаҳои худро перомуни мавзуи дарс баён намуда, дар бораи арзиши ҳамдиливу ягонагӣ мисолҳои мушаххас оварданд. Ба равшантар шудани муҳтавои машғулият саҳм гузошта, онҳо аз ашъори пурҳикмати Мавлоно шеърҳо ва порчаҳои ғазалиётро қироат намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!