, Шанбе, 27-сентябр

ДАРСИ КУШОД: ТАРАҚҚИЁТ, ТАРБИЯ ВА ТАШАККУЛЁБИИ ШАХСИЯТ


ДАРСИ КУШОД: ТАРАҚҚИЁТ, ТАРБИЯ ВА ТАШАККУЛЁБИИ ШАХСИЯТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби олимон, муҳаққиқону омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Дар ин росто имрӯз (27.09.2025) дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, дотсент Назаров Ҳотам дарси кушод дар мавзуи “Тараққиёт, тарбия ва ташаккулёбии шахсият” дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси физика ва математика бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра гузаронида шуд.

Назаров Ҳотам дар оғози дарс ба мақсаду вазифаҳои машғулият ишора намуда, моҳияти мавзуи “Тараққиёт, тарбия ва ташаккулёбии шахсият”-ро шарҳ дод. Зикр гардид, ки рушди шахсият раванди бисёрҷабҳа буда, дар он омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва равонӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳамзамон, тарбия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва рафтори дурусти насли наврасу ҷавон таъсири мустақим мерасонад.

Омӯзгор зимни шарҳи мавзуъ аз мисолҳои мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, таҷрибаи таърихӣ ва назарияҳои муосири педагогика истифода бурда, донишҷӯёнро ба андешаронӣ ва таҳлили масъалаҳои тарбиявӣ ҷалб намуд.

Дар охири дарс миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор ва баҳсу мунозираҳои судманд баргузор гардид. Донишҷӯён саволҳои муҳимро ба миён гузошта, андешаҳои худро оид ба роҳҳои муассири тарбия ва ташаккули шахсият иброз доштанд. Ин мубоҳисаҳо ба равшантар шудани мазмуну муҳтавои дарс ва ҷолиб гардидани машғулияти таълимӣ мусоидат карданд.

Бо чунин иқдомҳои созанда, ҳайати профессорону омӯзгорон саҳми арзандаи худро дар баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибмаҳорати соҳаҳои гуногун мегузоранд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!