, Сешанбе, 10-декабр

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

 18.02.2023 688

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Имрӯз  дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии намояндагони Прокуратураи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҳайати проффесорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм ва экстремизми минтақаи Кӯлоб Нидозода Муҳаммадризо, прокурори калони шуъбаи муқовимат бо терроризм ва экстремизми прокуратураи минтақаи Кӯлоб Қурбонзода Зайниддин, прокурори шаҳри Кӯлоб Достизода Қутбиддин ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Зимнан ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи қавии ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои милливу давлатдорӣ баҳри таҳкими истиқлолу озодӣ масъулияти аввалиндараҷа дошта бошад. Бахусус насли наврасу ҷавон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва мамлакати муқаддасамон бошанд”.

Ҳамчунин дарҷ гардид, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати сарбозон сол аз сол беҳтар гардида, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити муносиби ҷавобгӯ ба талаботи муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё гардидааст.

Ҳамзамон Нидозода Муҳаммадризо, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм ва экстремизми минтақаи Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир, ки онро марҳилаи ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, ҷомеаи ҷаҳонро терроризм ва ифротгароӣ таҳдид мекунад. Ҳарчанд ин зуҳурот нав нест, вале дар шароити феълӣ реша давонидани он таҳдид ба ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чи дар минтақа ва чи дар миқёси ҷаҳонӣ ба кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.

Дар идомаи ҷамъомад ҳозирин фикру андешаҳои худро дар бораи экстремизм ва терроризм, шомилшавии иддае аз ҷавонони аз илму маърифат дар канормонда ба гурӯҳҳои ифротгаро баён дошта, аз аҳли толор даъват ба амал оварданд, ки дар чунин вазъият бо дарки масъулияти баланди таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ мо вазифадорем, ки истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин омилҳои хатарзо ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.




Ба рӯйхат